Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳо ба тавсиб расиданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар иҷлосия Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба «Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон» ва Созишномаи рақами 1 оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 11 марти соли 2022 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сиёвуш Наботзода ва Ҳомидҷон Ҳакимзода муаррифӣ намуданд.
Дар иҷлосия раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустами Шоҳмурод бо қарори Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми барҷаста дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳод бо медали тиллоии «Дарахти дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






