Байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ механизмҳои сармоягузорӣ таҳия мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар Ҷумҳурии Алҷазоир вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Халид Халафалла баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ имконоти нави ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳияи механизмҳои сармоягузорӣ тавассути дигар бонкҳои устувори маҳаллӣ, модели иҷораи исломӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва лоиҳаҳои афзалиятноки бахши воқеии иқтисоди миллӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба соҳаҳои нассоҷӣ, энергетикаи «сабз» ва логистика ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо ICD таъкид намуда, пешниҳод кард, ки барои арзёбии вазъи мавҷуда ва таҳияи нақшаи мушаххаси кор сафари гурӯҳи техникӣ аз ҷониби ICD ба Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Дар посух роҳбари ICD ба самтҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳи мусбат зоҳир намуда, омодагии ниҳодро барои идомаи ҳамкории мутақобил таъкид намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






