Бо ҷалби коршиносони ECAC барои кормандони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон даври омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони мақомот ва сохтору воҳидҳои авиатсионии Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории даври омӯзишӣ, ки дар мавзуи «Омодакунии аудиторони миллӣ – дараҷаи I» дар шаҳри Душанбе бо ҷалби коршиносони пуртаҷриба аз Конфронси аврупоии авиатсияи гражданӣ (ECAC) баргузор гардид, донишу малакаи худро такмил доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи даври омӯзишӣ, ки аз рӯи Лоиҳаи CASE II гузаронида шуд, баланд бардоштани касбияти кормандон ва таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад. Дар ҷараёни даври омӯзишӣ мутахассисони Конфронси аврупоии авиатсияи гражданӣ ба кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат ва ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар самти бехатарии авиатсионӣ машғулияти омӯзишӣ гузарониданд.
Иштирокдорони даври омӯзишӣ инчунин бо нуқтаҳои муоинаи пешазпарвозии мусофирон дар фурудгоҳҳои мамлакат шинос шуданд.
Баргузории чунин даврҳои омӯзишӣ бо иштироки кормандони соҳа дар самти бехатарии авиатсионӣ ва таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳои мамлакат ва рушди авиатсияи гражданӣ нақши муассир мегузорад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






