Бо иштироки ҷавонони волонтёри гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид

Май 7, 2025 10:08

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии муҳтарам Пешвои миллат сулҳу суботи комил дар мамлакат таъмин гардида, муқаддасоти асосии давлатдорӣ қабул шуданд ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо беш аз 110 давлати  олам ба роҳ монда шудаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ инчунин 5 ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои глобалии обу иқлим эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуд. Ин нукта зимни баргузории ҳамоиши ҷавонони волонтёр таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» иброз карда шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

6 май дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» бо иштироки ҷавонони гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонони волонтёр баргузор гардид.

Мақсади ҳамоиш муаррифии дастовардҳои мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва нақши ҷавонон дар ҷомеа мебошад.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳамчун дастпарвар ва шогирди боэътимоди мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони волонтёр аз таҷрибаи худ нақл кард.

Иброз гардид, ки ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату амнияти миллӣ ва ободу зебо гардидани мамлакат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти таъмини рушди устувор ва зиндагии арзандаи мардуми Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияю барномаҳои давлатӣ танҳо дар 25 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард  сомонӣ то 153,4 миллиард сомонӣ ё 85 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то 14,8 ҳазор сомонӣ ё 51 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонӣ то 147 миллиард сомонӣ ё 147 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 20,4 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2550 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати Неругоҳи барқи  обии «Роғун», 3670 муассисаи нави таълимӣ, 3076 муассисаи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни ҳамоиш таҷрибаи муваффақи волонтёронро дар самти корҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳамдастӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ иброз намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2025 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд