Бо татбиқи лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 5500 нафар бо кор таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо амалӣ намудани лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар оянда беш аз 5500 сокини мамлакат бо кор таъмин хоҳанд шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ин масъала 30 апрел дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардид.
Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар маҷлиси ҳукумат Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода тавзеҳ дод. Ҳамин тариқ, мафҳуми ташкили кластерҳои нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо ягонагии корхонаҳои нассоҷӣ ва хизматрасонӣ дар ҳудуди минтақа бо истифода аз таҷҳизоти инноватсионӣ, технология ва қувваи корӣ маънидод мегардад.
Ҳадафи таҳия ва қабули ин лоиҳа саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили ҷумҳурӣ пешбинӣ мегардад. Созишнома дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо ба имзо расонида шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Масъалаи бунёди иқтидори истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, инчунин таъмини шуғли пурмаҳсул яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Он дар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид






