Дар Абузабӣ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар остонаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи 2025) ва таҷлили 30- солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Маркази омӯзиш ва тадқиқоти стратегии Аморот бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов ва бо ҳузури намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимон, пажӯҳишгарон ва рӯзноманигорони маҳаллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, ҳамоиш аз се ҷаласаи мавзуӣ – «Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим», «30 соли муваффақи равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб» ва «Бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангӣ ва мутафаккирони таърихии халқи тоҷик» иборат буд.
Ашрафҷон Гулов оид ба мавзуъҳои таъкидшуда маъруза намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти масъалаҳои обу иқлим, аҳаммият ва ҳадафҳои баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе, дастовардҳои муҳим, вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Аморот давоми 30 сол, хизматҳои шоёни мутафаккирон ва шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик, ба монанди Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ ҷалб намуд.


Дар робита ба ҳар ҷаласаи мавзуӣ наворҳои таърихӣ ва филмҳои ҳуҷҷатии кӯтоҳ ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва арабӣ дар толори баргузории ҳамоиш пахш гардида, сипас байни иштирокчиён муколамаи интерактивӣ ва пурсишу посух доир гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири пешбурди дипломатияи фарҳангӣ, муаррифии таърих ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нусхаҳои китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» бо забони арабӣ ба меҳмонон тақдим гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






