Дар қароргоҳи ЮНИСЕФ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии байналмилалӣ баргузор шуд

Май 23, 2025 15:03

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар қароргоҳи ЮНИСЕФ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳар бозӣ ба ҳар кӯдак» чорабинии идона баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳамоиш ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шуда, бо иштироки васеи намояндагони кишварҳои хориҷӣ, коршиносони байналмилалӣ, собиқадорон ва ситораҳои футбол баргузор шуд.

Ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди футбол, махсусан байни наврасон ва ҳамкории мутақобил бо сохторҳои байналмилалиро муаррифӣ намуд. Хуршед Мирзо ҳамчунин нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пуштибонии соҳаи футбол ва оммавигардонии он таъкид намуд.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили нахустин солгарди Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон,  Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ  пешниҳод шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 23, 2025 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард