Дар Ашт навъҳои тухмии пунбадонаи мутобиқ ба тағйирёбии иқлимро кишт намуданд

Май 3, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, пахтакорони ноҳияи Ашт имсол  дар 6291 гектар чигит кишт менамоянд. То имрӯз кишоварзон зиёда аз 77 фоизи нақшаро иҷро намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Меҳроҷ»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и  ноҳия маъракаи кишти пунбадона оғоз гардид.  Кишоварзон дар зиёда аз 1000 гектар навъҳои тухмии ба иқлим мутобиқро  тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ кишт намуданд.

Агар интихоби тухмӣ яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ бошад, пас барои гирифтани ҳосил таъмини саривақтӣ бо оби полезӣ низ муҳим дониста мешавад. Зеро афзоиши истеҳсоли пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба таъмини саривақтии оби полезӣ вобастагии калон дорад.

Беш аз 90 фоизи оби полезии заминҳои пахтаи ноҳияи Ашт аз ҳисоби пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва каналҳои ирригатсионӣ таъмин мегардад. Омодагии техникии пойгоҳҳо ва фаъолияти муназзами онҳо дар нашъунамо ва ҳосили хуби пахта нақши муҳим мебозад.

Дар ноҳияи Ашт барои татбиқи барномаҳои давлатии рушди пахтакорӣ ва коркарди пахта дар дохили мамлакат, инчунин саҳмгузорӣ дар ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат нақшаю лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Май 3, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад