Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш доир шуд

Май 30, 2025 14:18

 ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Технология ва инноватсия дар амалигардонии стратегияи рушди илм ва техника» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада иттилоъ доданд, ҳадафи ҳамоиш аз таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, тақвияти ҳамкорӣ байни муҳаққиқон ва муаррифии дастовардҳои илмӣ дар самти рушди технологияи муосир ва иқтисоди рақамӣ иборат буд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистонро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба ин раванд вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

Эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия бозгӯи саъю кӯшиши давлату ҳукумат дар роҳи мутобиқсозии инфрасохтори мамлакат ба талаботи ҷаҳони рақамӣ мебошад. Зеро имрӯз рушду пешрафти ҳар давлат аз сатҳи илму техника ва захираи зеҳнии он вобаста аст.

Дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ на танҳо сармоягузорӣ, балки омодасозии кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани саводи рақамии омӯзгорону донишҷӯён низ аҳамияти хосса дорад.

АКС: Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ

Май 30, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа