Дар Душанбе ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи «CASA-1000» баргузор гардид

Май 16, 2025 16:17

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонии Лоиҳаи «CASA-1000» дар ду давлат – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расидаанд. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъъа дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа иброз шуд, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба итмом мерасанд ва корҳои сохтмонӣ дар Афғонистон низ ба зудӣ анҷом меёбанд.

«Моҳи марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» зери шиддат гузошта шуд ва мо имрӯз метавонем аз ин хати барқ барои манфиати мардумони кишварҳоямон истифода барем»,- афзуд Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Таъкид шуд, ки пешрафти назаррас дар ҳамаи чаҳор давлат  на танҳо натиҷаи талошҳои худи давлатҳо, балки натиҷаи пуштибонии пайваста ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар татбиқи ин тарҳи минтақавии  стратегӣ мебошад.

Гурӯҳи кории муштарак Кодекси техникии лоиҳаро таҳия намудааст, ки барои тасдиқ ба Шурои байниҳукуматӣ пешниҳод мегардад. Бешубҳа, ин санад муҳим буда, ба рӯйхати созишномаҳои асосии лоиҳа дохил мешавад. Риояи Кодекси техникӣ, бахусус дар заминаи ҳамгироии мувозии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти вижа дорад.

Дар идома намояндагони кишварҳои аъзои лоиҳа, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд сухан гуфтанд.

Сипас, вобаста ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон рӯнамоҳо манзур шуданд.

Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» Кодекси техникии лоиҳа тасдиқ гардид.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа Пртоколи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории муштараки кишварҳои аъзои лоиҳа, Изҳороти муштараки кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа ва Қарордоди ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба имзо расонида шуданд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2025 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд