Дар Душанбе байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ даври ниҳоии футболи хурд оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол даври ниҳоии футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», ки байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ эълон гардида буд, оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба даври ҷумҳуриявӣ аз 100 даста 24 даста роҳ ёфт, ки байни ҳам рақобат менамоянд.
Зимни ифтитоҳи мусобиқа муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Баҳрулло Давлатзода иброз дошт, ки «футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дониста шуда, дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муҳим мебозад. 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани 25 май чун Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд».
Бозии футбол то 24 май идома ёфта, дар ҷамъбасти мусобиқа беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ, Сипоснома ва Ифтихорномаи кумита сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






