Дар Душанбе барои кормандони соҳаи сайёҳӣ даврҳои омӯзишӣ оғоз шуданд

Май 22, 2025 10:37

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши махсуси касбомӯзӣ баргузор гардид.

Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш беш аз 90 корманди соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла намояндагони тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладони сайёҳӣ аз шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Даврҳои омӯзишӣ бо мақсади такмил додани донишу малакаи кормандони соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» гузаронида мешаванд.

Ин иқдом қадами муҳими амалисозии сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ дар рушду тавсеаи устувори инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

Даврҳои омӯзишӣ дар шакли назариявӣ ва амалӣ минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 22, 2025 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд