Дар Душанбе бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад

Май 7, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол 22 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе байни ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия бозии дӯстона баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба ҳайати дастаи ситораҳои Тоҷикистон футболбозони маъруф Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Ҳабибуллоев, Алишер Туйчиев, Анваршо Мирзоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷаев, Суҳроб Ҳамидов, Тоҳир Муъминов, Субҳон Хоҷамов, Хуршед Маҳмудов, Одил Иргашев ва дигар бозигароне, ки дар рушди футболи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, дохил ҳастанд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои футболи Русия Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигар собиқадорони футбол иштирок  хоҳанд кард.

Вохӯрии ситораҳо ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мешавад, бахшида шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки ин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул гардид.

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) эълон намудааст, ки аз 21 то 25 майи соли 2025 чорабиниҳои Ҳафтаи ҷаҳонии футбол ба таври васеъ доир мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 7, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад