Дар Душанбе оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия + Чин» ҷаласа доир гардид

Май 27, 2025 13:52

ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/ (Economic Cooperation Organization / ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия + Чин» доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Туркия иштирок намуданд. Ҷаласа ба мавзуи рушд ва пешбурди долони байналмилалии транзитии номбаршуда бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, алахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, бахшида шуд.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳоро баррасӣ намуданд. Дар ин замина омилҳои робитаи устувор ва равандҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт муҳокима шуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласа иброз намуд, ки: «Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ барои таҳкими нақши нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати устувор ва ҳамгироии иқтисодӣ байни давлатҳои минтақа талош менамояд».

Таъкид шуд, ки рушди долонҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалӣ, хизматрасониҳои нақлиётии фаромарзӣ ва транзитӣ боиси рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи имконоти занҷираҳои логистикӣ хоҳад гашт. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва марзӣ бо мақсади осон намудани ҳамлу нақли одамон ва молҳо зарур аст.

Пешниҳод гардид, ки ҳуҷҷатҳои транзитӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ рақамӣ кунонида, инчунин дар нуқтаҳои назоратӣ «хатҳои сабз»-И TIR-EPD таъсис дода шаванд, зеро чунин тадбир бехатарии тиҷорат ва ҳамлу нақли байналмилалиро, ки бар Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳҳид асос ёфтааст, таъмин намуда, вақти транзит ва ҳаҷми партовҳои CO2-ро коҳиш медиҳад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия барои рушди ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шуда, аз соли 1992 Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шуд. Алҳол Асад Маҷидхон (Покистон) мудири кули ин Созмон мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ 33 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 –ум 18 фоиз афзоиш ёфтааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2025 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд