Дар Душанбе доир ба маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ, коҳиш ва ҷуброни талафоти вобаста ба пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон» таҳти унвони «Маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ, коҳиш ва ҷуброни талафоти вобаста ба пиряхҳо» мизи мудаввар доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиш масъалаи маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ, коҳиш ва ҷуброни талафоти вобаста ба пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокдорон аҳамияти маблағгузории дастрас ва пешбинишавандаро махсусан барои давлатҳои осебпазири кӯҳӣ таъкид карда, зарурати шарикии қавитар байни ҳукуматҳо, бонкҳои бисёрҷониба ва бахши хусусиро баён намуданд.
Дар ҳамоиш инчунин барномаҳои нави маблағгузорӣ, аз қабили табодули қарз бо иқлим ва вомбаргҳои пиряхӣ ҳамчун воситаҳои коҳиш додани норасоии маблағ муҳокима карда шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад






