Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» гузаронида мешавад

Май 1, 2025 16:11

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри  соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Иқтисоди сабз: имконияти имрӯз барои устувории фардо» Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадафи форум муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Он ҳамчунин ба ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сармоягузори бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои ҳавасманд барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ва минтақа, фароҳам овардани имконият барои рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва дарёфти шарикони нав барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.

Форум платформаи муносибро барои ҷонибҳои гуногун, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ширкату ташкилоти тиҷоратӣ, сармоягузорону соҳибкорон барои мубодилаи афкор, донишу таҷриба, муаррифии имконоти сармоягузорӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ муҳайё менамояд.

Форум барои иштирокчиёни хориҷӣ бобати шиносоӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, табиати зебою дилписанд ва дигар зарфияти сайёҳии Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам меорад.

Бо мақсади муаррифии ин форум аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сомонаи форум dushanbeinvest.com фаъол гардонида шудааст.

«Душанбе Инвест – 2025» на танҳо чорабинии иқтисодӣ, балки дарвозае ба самти фардои сабз ва устувор мебошад.

 АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Май 1, 2025 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд