Дар Душанбе густариши ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Май 23, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши ҳамкории байнипарламентӣ байни ду давлатро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамкории байнипарламентӣ байни ду давлат дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории парламентӣ байни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия ба роҳ монда шудааст. Тибқи Созишномаи мазкур, дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ аз ҳисоби вакилони даъвати ҳафтум таъсис дода шудааст.

Дар вохӯрӣ муколамаҳои сиёсӣ, табодули таҷриба, сафарҳои мунтазами намояндагони воломақоми парламентҳои ҳарду давлат, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, бар пояи усулҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикӣ асос ёфтаанд, муҳим арзёбӣ гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ