Дар Душанбе намоиши ҷойи кор ва вазифаҳои озод доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиши калони ҷойи кор ва вазифаҳои озод бо пешниҳоди талаботи корфармоёни дохилӣ ва хориҷи мамлакат, инчунин имконияти касбомӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ҷавобгӯ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Намоиши калони ҷойи кори холӣ ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон (1 май) бахшида шуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иброз намуд, ки мақсади ин рӯз ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, мусоид гардонидани шароити меҳнат, муҳайё намудани фазои корӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи меҳнаткашон мебошад.
Намоиши ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод бо фарогирии васеъ ва пешниҳоди ҷойи кори холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва дархосту талаботи корфармоёни хориҷӣ ва ватанӣ доир гардид. Инчунин дар он имконияти омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.
Дар намоиш аз ҷониби 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтарро доранд, пешниҳод гардид.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






