Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлатро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалин кишварҳое мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил эътироф намуда, ба расмият шинохт ва 9 январи соли 1992 робитаҳои дипломатӣ байни давлатҳо барқарор шуданд.
Дар вохӯрӣ фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат метавонад ба пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат намояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






