Дар Душанбе вобаста ба ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд

Май 1, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 01.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар кори он намояндагони давлатҳои хориҷӣ ба тариқи маҷозӣ низ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳамоиши имрӯза ба  ҳолат ва дурнамои рушд, таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни давлатҳои минтақа, масъалаҳои минтақавӣ ва стратегияҳои ҳалли муштараки онҳо, масъалаҳои пешгирии таъсири мушкилоти эҳтимолӣ ба амният ва иқтисоди минтақавӣ бахшида мешавад.

Иштирокдорони ҳамоиш ҷараёни татбиқи санадҳо ва созишномаҳоеро, ки дар доираи вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули иқтисоди «сабз», таҳкими иқтидори содиротии давлатҳои минтақа, муборизаи муштарак бо хатарҳо ва тағйироти иқлимӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро таҳлил намуданд.

Ҳамоиш аз рӯи се бахш доир гардид. Доир ба масъалаи  «Нақши вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳо дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ» мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии давлатҳои Осиёи Марказӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, имконият ва иқтидори мавҷуда барои ҳамгироӣ, нақши вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ,  мушкилоти минтақавӣ ва усулҳои муассири ҳалли онҳоро баррасӣ намуданд.

Коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ инчунин доир ба «Таъмини амнияти минтақавӣ дар партави тағйироти байналмилалӣ ва пайдоиши хатарҳои нав» маъруза намуданд. Иштирокдорон масъалаҳои хатарҳои муосир ва таҳдиди онҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, мушкилоти асосии таъмини амнияти минтақавӣ,  усулҳои муосири таъмини амнияти минтақавӣ ва масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии механизми муқовимат ба таҳдидҳои мавҷуда (таҳдидҳои иттилоотӣ, терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд. Инчунин он  рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳо, суботи сиёсӣ ва оромию осудагии сокинонро таъмин мекунад. Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Иштирокдорони ҳамоиш нақши рушди иқтисоди «сабз» дар пешгирии тағйирёбии иқлим, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи технологияҳои «сабз» дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва захираҳои об, равишҳо, стратегияҳо ва дигар масъалаҳои иқтисоди «сабз»-ро муҳокима намуданд.

Ба таҳлили коршиносон, тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои глобалии асри 21 ба шумор меравад. Ин раванд боиси дигаргуншавии муътадилии иқлим ва афзоиши ҳодисаҳои табиӣ мегардад, ки ба башарият ва муҳити зист таъсири манфӣ дорад. Бо истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш ёфта, ҳифзи муҳити зист беҳтар ва бехатарии энергетикӣ таҳким меёбад.

Муаммои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он аз масъалаҳое мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонро нигарон намудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ доир ба хатари тағйирёбии иқлим сухан гуфта, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъалаи муҳим ҷалб менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Май 1, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид