Дар Душанбе вобаста ба таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкории С5+1 ҳамоиш баргузор шуд

Май 22, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкории С5+1: мушкилот ва дурнамо» дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳлилу баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи қолаби С5+1, таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, тамоюлҳои рушди робитаҳои гуногунҷанба дар минтақа, қолаби С5+1 ҳамчун омили асосии татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамтии кишварҳо арзёбӣ гардид.

Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода иброз намуд, ки солҳои охир минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин бештар ба иқтидори геополитикӣ, геоиқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва захираҳои энергетикии минтақа вобаста мебошад. «Яке аз тарҳҳои асосие, ки кишварҳои минтақа тавассути он бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намуда, сиёсати бисёрсамтаи худро таъмин менамоянд, қолаби С5+1 мебошад»,-гуфт ӯ.

Конфронс аз ду бахши асосӣ иборат буда, дар бахши аввали он таҳти унвони «Қолаби «С5+1» — омили татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамтии кишварҳои Осиёи Марказӣ» коршиносон аз марказҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маъруза намуданд.

С5+1 доираи васеи ҳамкориро дар таъмини амният ва мубориза бо терроризм, рушди иқтисодӣ, инноватсия, экология ва ҳамгироии нақлиётӣ фаро мегирад. Дар доираи ин қолаб лоиҳаҳои муштарак амалӣ гардида, онҳо ба масъалаҳои сиёсати давлатии давлатҳо ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд мебошанд. Маҳз чунин хусусият қолаби мазкурро на танҳо ба фазои расмӣ, балки ба муҳити зинда ва амалӣ мубаддал мегардонад.

Изҳор гардид, ки азми раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои наздикшавии кишварҳо, талошҳои прагматикӣ ва омодагии онҳо ба чандирии дипломатӣ дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил ва баррасии манфиатҳои тарафайн заминаҳои асосии таҳаввулоти минтақавиро ташкил медиҳанд.

Минтақаи Осиёи Марказӣ бо назардошти иқтидори геополитикӣ ва геоиқтисодияш ба минтақаи сулҳу субот ва имконоти рушд табдил ёфтааст. Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин самт ба имзо расидани созишномаи сеҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвар ва «Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ» ба ҳисоб меравад.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд