Дар Истаравшан Академияи махсуси футболи касбӣ барои кӯдакону наврасон таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан Академияи махсуси футболи касбӣ барои кӯдакону наврасон таъсис дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Иттилооъ дод шуд, ки Академияи махсуси футбол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва иқдоми Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан» дар ҳамкорӣ бо Клуби футболи «Истаравшан» имконпазир шуд.
Ба ин омӯзиш наврасони 9, 10, 11, 12, 13 ва 14-сола, ки ба футбол шавқу ҳавас доранд, даъват карда мешаванд.
Дар варзишгоҳ ҳамаи шароит муҳайё буда, устодони ботаҷриба ва соҳибкасб ба онҳо дарс медиҳанд, то варзишгари касбӣ гашта, ояндаи футболи Истаравшанро рушду нумӯи нав бахшанд.
Аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки фарзандонро ба варзиш ҷалб намоянд, то онҳо ҷисману руҳан солим бошанд ва дар пешрафти футболи шаҳру мамлакат саҳм гузоранд.
Омӯзиш пурра ройгон мебошад.
20-21 майи соли 2025 аз соати 08:00 то 12:00 рӯзи қабул ва ҷалби бозингарон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






