Дар Истаравшан Академияи махсуси футболи касбӣ барои кӯдакону наврасон таъсис дода мешавад

Май 21, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан Академияи махсуси футболи касбӣ барои кӯдакону наврасон таъсис дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Иттилооъ дод шуд, ки Академияи махсуси футбол  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва иқдоми Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан» дар ҳамкорӣ бо Клуби футболи «Истаравшан» имконпазир шуд.

Ба ин омӯзиш наврасони 9, 10, 11, 12, 13 ва 14-сола, ки ба футбол шавқу ҳавас доранд, даъват карда мешаванд.

Дар варзишгоҳ ҳамаи шароит муҳайё буда, устодони ботаҷриба ва соҳибкасб ба онҳо дарс медиҳанд, то варзишгари касбӣ гашта, ояндаи футболи Истаравшанро рушду нумӯи нав бахшанд.

Аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки фарзандонро ба варзиш ҷалб намоянд, то онҳо ҷисману руҳан солим бошанд ва дар пешрафти футболи шаҳру мамлакат саҳм гузоранд.

Омӯзиш пурра ройгон мебошад.

20-21 майи соли 2025 аз соати 08:00 то 12:00 рӯзи қабул ва ҷалби бозингарон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Май 21, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд