Дар Лондон Форуми саноати маъдани Тоҷикистон — Подшоҳии Муттаҳида баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми саноати маъдани Тоҷикистон-Подшоҳии Муттаҳида баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори Форум, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир маротибаи аввал баргузор шуд, роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии мамлакат, сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳавӣ ва бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмуъ зиёда аз 150 нафар иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо шумули сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва роҳбарону намояндагони дигар ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуд.
Мақсад аз баргузории Форуми мазкур таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар самти саноати маъдан аз тариқи ташкили муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатии ду мамлакат, сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак иборат буд.
Дар доираи Форуми мазкур, ки аз иҷлосҳои ифтитоҳӣ ва якчанд иҷлоси пленариву мавзуӣ иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои хусусӣ баргузор шуданд.
Дар ҳошияи ҳамоиш ҷиҳати муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти саноати маъдан ва истихроҷ, инчунин маҳсулоти гуногуни содиротии ватанӣ низ ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни намоиш ба сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ вобаста ба фазову имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаи саноати маъдан маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар натиҷаи мулоқоту музокироти аъзои ҳайатҳои расмӣ ва ширкатҳои хусусӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Интизор меравад, ки Форуми мазкур ба муаррифии иқтидори саноати маъдани кишвар, аз ҷумла имкониятҳои содиротӣ, ҷалби бештари сармояву воридоти фанновариҳои муосир дар оянда ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳида дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд






