Дар Нуробод бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали футбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар ноҳияи Нуробод Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, фестивали футбол доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд.
Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода иброз намуд, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол расман таҷлил мегардад. Ин далели нақши фаъол доштани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умибашарӣ, сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагию ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад.
Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳими солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода изҳор дошт, ки Федератсияи футбол ҳамеша кӯшиш менамояд барои рушду тарғиби футбол дар минтақаҳои Тоҷикистон тамоми шароити мусоидро фароҳам оварад.
«Рӯзи ҷаҳонии футбол барои мо имконияти муҳим аст, ки таваҷҷуҳро ба ин варзиши дӯстдошта ва василаи рушди ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон бештар намоем»,-гуфт Сайвалӣ Дониёрзода.
Дар ҳамоиш барномаҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ноҳия доир шуданд. Дастпарварони муассисаҳои давлатии мактаби варзишии ноҳия таҳти роҳбарии мураббиён ҳунару истеъдодашонро намоиш доданд.
Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






