Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид

Май 7, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2025/АМИТ «Ховар»/. Дар Шероз ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории  тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ  хотима ёфта, аз натиҷаи он Протоколи ҷаласа ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии Комиссия Далер Ҷумъа ва Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси қисмати эронии Комиссия Аббос Алиободӣ ба имзо расониданд.

Дар  ҷаласаи 17-уми Комиссия роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъсиси кумитаҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои пайгирии тавофуқоти бадастомада ва рушди ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд