Дар Тоҷикистон 29 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагонро занон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Нақши занони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар» бо иштироки вакилон, кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва шарикони рушд ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ мақсади баргузории ҳамоишро муаррифии гурӯҳи Иттиҳоди занони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва саҳми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат унвон намуд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вакилон дар асоси принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, арзиши олӣ будани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, муҳокимаи озодона, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, дастҷамъӣ ва масъулият дар назди халқу ватан фаъолият менамоянд.
Ба андешаи Мавсума Муинӣ, дар интихоботи имсолаи вакилон ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, сохтмон ва намояндагони гуногункасб интихоб шуданд.
«Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне мақомоти олии қонунбарор, иҷроия ва судӣ, инчунин дар кулли сохторҳои давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз зани тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва нуру гармии ҳар хонадон аст», — гуфт Мавсума Муинӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи соҳаи тандурустӣ, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 39 фоизи соҳаи бонкдорӣ, 37 фоизи олимон, 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи соҳаи алоқаро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар айни замон шумораи вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба даъвати гузашта 4 нафар зиёд аст.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ изҳор намуд, ки «ҳалли мушкилоти баробарҳуқуқии мардону занон масъалае аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он аҳамияти хосса медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ба даст овардани баробарҳуқуқии мардону занон тавассути мустаҳкам намудани заминаи қонунгузорӣ дар мамлакат корҳои зиёдеро амалӣ намуда, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷомеа мақом ва манзалати занон баланд гардид».
Нуфузи занон дар Парлумони Тоҷикистон афзуда, имрӯз 29 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ҳафтум)-ро занон ташкил медиҳанд. Ин нисбат ба даъватҳои пешина бештар буда, вакилонзанон дар пешниҳоду қабули қонунҳо ва дигар санадҳо фаъол ҳастанд.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ иброз дошт, ки дар маҷмуъ, то имрӯз зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзими муносибатҳо оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо қабул гардида, имконияти баробарҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамоянд. Танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим- «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» қабул карда шуд.
«Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқ гардонидани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар мамлакат механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мустаҳкам карда шуданд. Нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифатнокии гендерӣ аз лиҳози қонунгузорӣ назаррас буда, сол аз сол занону духтарони мамлакат аз ҳуқуқҳои худ бештар хабардор шуда, барои ҳимояи онҳо мубориза мебаранд»,-иброз дошт Муҷибахон Ҷавҳарӣ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»