Дар Тоҷикистон баҳогузории глобалии низоми омори миллӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 22 май дар Тоҷикистон ҳайати коршиносон оид ба баҳогузории глобалии низоми омори миллӣ ба кор оғоз намуд, ки то 28 май идома меёбад.
Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баҳогузории глобалии низоми омори миллӣ ба рушди соҳаи омори давлатӣ мусоидат менамояд.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор фаъолият бурда, ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 амалӣ менамояд. Дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои омории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Дар баҳогузории глобалии низоми омори миллии Тоҷикистон коршиносон аз Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Омори Аврупо, Ассотсиатсияи савдои озоди Аврупо ва намояндагони мақомоти омор аз Норвегияю Исландия иштирок доранд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






