Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25 май дар саросари Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим дар самти оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба барномаи ҳафтаи футбол, ки ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст, якчанд чорабинӣ дохил карда шудааст:
-зиёда аз 25 фестивали футбол барои кӯдакон дар тамоми минтақаҳои мамлакат;
-бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия;
-рақобат барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода;
-бозиҳои силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025;
-оғози мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон;
-мусобиқаҳои кӯдакону наврасон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;
-мастер-классҳо бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон;
-мусобиқаҳо байни ташкилот.
Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми ҳаводорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисонро даъват менамояд, ки дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок намуда, дар рушди фарҳанги футболи мамлакат саҳм гузоранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






