Дар Тоҷикистон оид ба дарки коррупсия таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дода шуд

Май 12, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба дарки коррупсия аз тарафи ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дода шуд, ки дар он 10 ҳазор нафар иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатӣ бо сокинони гуногункасби 28 шаҳру ноҳияи мамлакат оид ба дарки коррупсия аз тарафи ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дод.

Ин таҳқиқот дар асоси банди 69-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррпусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ва банди 3 Нақшаи кории Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Бояд гуфт, ки «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти умумиҳатмӣ дошта, барои иҷро ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилоти давлатӣ дастрас карда шудааст.

Муҳлати амалӣ намудани Стратегия барои давраи то соли 2030 пешбинӣ карда шуда, нақшаи чорабиниҳои татбиқи он ба ду марҳилаи панҷсола, яъне марҳилаи якум барои солҳои 2021-2025 ва

марҳилаи дуюм, ки он дар панҷсолаи дуюм тасдиқ карда мешавад, ҷудо карда шудааст. Ҳамзамон барномаи стратегия аз 5 боб ва 195 банд иборат буда, дар стратегия мақсад, вазифа ва принсипҳои амалигардонии стратегия, самтҳои асосӣ, механизми амалигардонӣ, мониторинг ва баҳодиҳии он оварда шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 12, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд