Дар Тсюрих имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи нассоҷӣ муаррифӣ карда шуд

Май 22, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар шаҳри Тсюрих Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар чорабинии Федератсияи байналмилалии молистеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF) иштирок ва имконоти сармоягузории соҳаро муаррифӣ намуд.

 Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода оид ба дастовардҳои мамлакат дар соҳаи саноати нассоҷӣ ва рушди иқтисодиёти “сабз”, инчунин имконоти сармоягузорӣ дар ин соҳа ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.

Дар чорабинӣ ассотсиатсияҳои пешсаф ва ширкатҳои бонуфузи  ҷаҳонии соҳаи нассоҷӣ тақрибан аз 50 давлати дунё иштирок намуданд. Ҳамзамон  дар фарҷоми чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабиниро ба Форуми якуми байналмилалии нассоҷӣ (Тоҷикистон 2025) ва Намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки 8-10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, даъват намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Май 22, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард