Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд дар чемпионати CAFA-2025 иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати навдаъвати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2025) аз 24 то 31 май дар Тошканд иштирок менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар чемпионати CAFA-2025 шаш дастаи минтақа иштирок менамояд: Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон. Дар қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Инчунин бозӣ барои ҷойҳои панҷум-шашум баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд доир мешаванд.
Бояд гуфт, ки ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар мусобиқаи CAFA 7 бозингаре, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ иштирок доштанд, даъват шудаанд.
Баъди ба даст овардани роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 ҳайати нави дастаи мунтахаби наврасони мо роҳхати мустақими Ҷоми Осиё-2026-ро соҳиб гардида, аз бозиҳои интихобӣ озод аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






