Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмуни «Оилаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа тавассути роҳҳои баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ баргузор мегардад.
Ҳадафи озмун баланд бардоштани рӯзгордории оилаҳо, солим, устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.
Озмун дар ду давр баргузор шуда, даври якум дар сатҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо муайян намудани оилаҳои намунавӣ байни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт доир шуд. Ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрӣ пешниҳод шуданд.
Иштирокчиёни озмун аз рӯйи меъёрҳои оилаи намунавӣ дар маҳалли зист, эҳтироми ҳамдигар ва аъзои оила дар муносибатҳои оиладорӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълими фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, таъмини иштироки фарзандон дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷалби фарзандон ба забономӯзӣ ва дуруст баён намудани фикру ақида баҳогузорӣ карда мешаванд. Инчунин дар озмун ба ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа баҳо гузоршта мешавад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






