Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 май зимни семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара баён доштанд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни ҷаласа роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об ва корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз шуд, ки барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ бояд аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






