Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хатмкунандагонро ба муассисаҳои таълимӣ равона намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба муассисаҳои таълимии мамлакат 123 хатмкунандаи таҳсилоти шартномавӣ, 117 хатмкунандаи таҳсилоти буҷавӣ ва хатмкунандагони Квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро равона намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Тақсимот мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда бо назардошти ихтисос, хоҳиш ва имконияти воқеии минтақаҳо амалӣ гардид. Ин иқдом дар самти тақвияти сифати таълим ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мутахассисони ҷавон қадами муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷалби кадрҳои ҷавон ба муассисаҳои таълимии мамлакат, хусусан дар минтақаҳои дурдаст аҳамияти калон дорад. Зеро таҳкими заминаи кадрии соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар ин самт ба ҳисоб меравад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






