DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

Май 3, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май, дар рӯзи дуюми мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар чор вазн муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳиддин Асадуллоев /дар вазни -73 кг/ медали тилло, Сомон Маҳмадбеков /дар вазни -81 кг/ медали тилло ва Абубакр Шеров /дар вазни -73 кг/  медали биринҷӣ ба даст оварданд.

 

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:

 

Занон

-63 кг

1. Чанхайч Болд /Муғулистон/
2. Малика Аучекорне /Фаронса/
3. Лубяна Пиовесана /Австрия/
3. Сейко Ватанабе /Ҷопон/

-70 кг

1.Лара Квйетко /Хорватия/
2. Келли Полард /Британияи Кабир/
3. Ю Дан /Чин/
3. Катарзина Собиерайска /Лаҳистон/

Байни мардон

-73 кг

1. Муҳиддин Асадуллоев /ТОҶИКИСТОН/
2. Эрденебаяр Батзая /Муғулистон/
3. Абубакр Шеров /ТОҶИКИСТОН/
3. Ҳоҷиакбар Тошев /Узбекистон/

-81 кг

1. Сомон Маҳмадбеков /ТОҶИКИСТОН/
2. Адам Тсечоев /дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо/
3. Муродҷон Юлдошев /Узбекистон/
3. Коте Капанадзе /Гурҷистон/

Пагоҳ, 4 май дар рӯзи охири мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 5 вазн:  — -78 кг, +78 кг  байни занон ва -90 кг, -100 кг ва +100 байни мардон қувва меозмоянд.  Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 13 ҷудочӣ иштирок менамояд.

Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали нуқра, Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ ва Мадина Қурбонзода (дар вазин -52 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

АКС:Федератсияи байналмилалии ҷудо

Май 3, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард