Стратегияи нав ва чаҳорчӯби сармоявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қабул карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Стратегияи нав ва чаҳорчӯби сармоявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои солҳои 2026–2030 қабул карда шуд. Дар ин хусус 15 май дар доираи ҷаласаи солонаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ҷаласаи мудирони бонк, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, иттилоъ доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, самтҳои афзалиятноки стратегияи нав аз дастгирии гузариш ба иқтисоди «сабз», тақвияти идоракунии иқтисодӣ, рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ иборат мебошанд.
Дар доираи ин ҷаласа якчанд давлатҳои қитъаи Африқо ба узвияти бонк қабул карда шуданд.
Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ иброз намуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ дар Тоҷикистон суботи макроиқтисодӣ таъмин гардида, сатҳи таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуд.
Тоҷикистон аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд даъват ба амал овард, ки маблағгузориро барои рушди истеҳсоли неруи «сабз» ва баландбардории самаранокии энергетикӣ, инфрасохтори рақамӣ, беҳтарсозии низоми оби ошомиданӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби тоза, инчунин навсозии роҳу пулҳо ва таҳкими пайвастагиҳои нақлиётии байниминтақавию байналмилалӣ, рушди иқтидори инсонӣ ва дастгирии корхонаҳои хурду миёна афзоиш диҳад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад






