Форуми сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Шероз дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҳарду давлат ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистону Эрон Форуми сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистону Эрон баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд.
Дар форум муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода ва Устондори устони Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон сухан гуфтанд.
Фаррух Юсуфзода имконоти сармоягузории мамлакатро муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ислоҳоти зарурӣ амалӣ менамояд.
Ислоҳоти амалишуда барои соҳибкорону сармоягузорон имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ, кафолатҳои қонунӣ ва бартарияти соҳавӣ пешбинӣ менамояд.
Дар ин робита аз соҳибкорону сармоягузорони эронӣ даъват гардид, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, аз ин имтиёзҳо баҳравар гарданд ва дар густариши ҳамкорӣ саҳм гузоранд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад. Соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу коло нисбат ба ду соли пеш 3,2 баробар афзоиш ёфт.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






