Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷашнвораи дӯстии Сеул 2025 ташкил шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 май бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Сеул дар майдони Донгдэмун Ҷашнвораи дӯстии Сеул бо иштироки корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бузурги Корея баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Дар гӯшаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея сокинон ва меҳмонони пойтахти Ҷумҳурии Корея бо таъриху тамаддуни бостонӣ, фарҳанги пурғановат, ҳунарҳои қадимии мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ҷозибаҳои сайёҳии мамлакат шинос шуданд.
Дар фестивал ҳамчунин бо мусоидати тарабхонаи тоҷикии шаҳри Йонгин гӯшаи таомҳои миллии тоҷикӣ ташкил карда шуда, ба иштирокдорони ҷашнвора анвои ғизоҳои болаззати миллӣ пешкаш гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея










Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






