«ГУЗАРГОҲИ САЙЁҲОН». Таъсиси мағозаи армуғонҳо дар Левакант барои муаррифии ҳунари тоҷикон иқдоми саривақтӣ аст
ДУШАНБЕ, 18.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ ба шумор мераванд, ки бо ҳам алоқамандии зич дошта, дар муаррифии фарҳангу таърихи қадимии халқи тоҷик, табиати биҳиштосо ва обу чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён нақши муҳим доранд. Ҳамин аст, ки рушди ҳунармандӣ, таъсиси ғурфаҳои армуғонӣ ва муҳайё сохтани инфрасохторҳои зарурӣ барои сайёҳон аз самтҳои муҳими ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба мамлакат маҳсуб мешаванд.
Сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба мамлакати мо рӯ оварда, маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ менамоянд, аз меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва ҷойҳои таърихии давлатамон, ки бо кандакориҳои миллӣ оро дода шудаанд, истифода мебаранд.
Иштирокчии фаъоли Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон»- ҳунарманд аз шаҳри Левакант Зебо Баротова изҳор медорад, ки бо эълон гардидани Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) бисёре аз ҳунарҳои қадимии мардуми минтақаҳои мамлакат аз нав эҳё гардиданд. «Ман ифтихор аз он дорам, ки солҳои охир бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳунарҳои мардумӣ дубора эҳё гардиданд. Ин дастгириҳо ба мо имкон дод, ки маҳсули дасти худ ва шогирдонамонро ба намоиш гузошта, пешниҳоди меҳмонони дохил ва хориҷи мамлакат гардонем. Бо таҳияи армуғонҳо мо тавонистем ҳам ҳунарҳои куҳани аҷдодиро зинда гардонем ва ҳам фарҳанги худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем»,-иброз медорад ӯ.
Ба андешаи Зебо Баротова, «имрӯзҳо тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Маркази дастгирии занони шаҳр барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат бо шогирдон тавассути мактаби устод ва шогирд омӯзиш мегузаронем. Бо ин усул нисбат ба назария дар амал кор зиёдтар ба роҳ монда мешавад. Бо ин тарз шогирдони мо метавонанд дар муддати кӯтоҳ- 2-3 моҳ касби дӯстдоштаашонро пурра азхуд намоянд».
Зебо Баротова барандаи Гранти президентӣ буда, бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти грант тавонист мағозае бо номи «Гузаргоҳи сайёҳон» боз намояд. Имрӯзҳо тамоми меҳмононе, ки ба шаҳри Левакант меоянд, аз армуғонҳои мағозаи ин зани ҳунарманд харидорӣ менамоянд. Тавре Зебо Баротова изҳор медорад, армуғонҳое, ки дар мағозааш ҳастанд, на танҳо маҳсули дасти ӯянд, балки маҳсули ҳунари шогирдонаш низ мебошанд. Ғайр аз ин 7 ҳунарманди собиқадори шаҳр низ бо ин ҳунарманд дар таҳияи маҳсулоти ҳунармандӣ дар ҳамкорӣ буда, барои рушди соҳа саҳм мегузоранд.
Соли 2018 дар шаҳри Левакант Маркази дастгирии занон кушода шуд. Дар он ҳам машваратхонаи ҳуқуқии занон ва ҳам утоқҳои кории ҳунармандӣ аз рӯи касбҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, муҳрадӯзӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳо байни занон маъмул фаъолият менамоянд.
Ба иттилои ин ҳунарманд, то имрӯз дар ин марказ шогирдон аз рӯи 6 ихтисос ҳунар азхуд намудаанд, аз ҷумла ҳунарҳои курпачадӯзӣ ва армуғонбофиро, ки ба он талабот хеле зиёд аст. Дар айни замон 29 шогирд дар ду утоқи корӣ аз рӯйи ихтисоси дӯзандагӣ ва омодасозии армуғонҳо фаъолият доранд.
Дар Левакант, ки шаҳри сайёҳӣ аст, кушодани мағозаи армуғонҳо аз ҷониби Зебо Баротова ташаббуси саривақтӣ ва муҳим мебошад. Дар мағозаи ӯ армуғонҳо хеле зиёданд, дар инҷо метавон чизҳоеро ёфт, ки ҳам ба шаҳрвандони мо ва ҳам ба хориҷиён зарур ҳастанд.
Тавре Зебо Баротова мегӯяд, «мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ниёзу хостаҳои ҳам сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷиро бароварда намоем. Зеро ҳунарҳои дастӣ имрӯз бахше аз зиндагии мо гардидаанд. Вақте сайёҳи хориҷӣ маҳсули дасти моро, ки писандаш омадааст, мехарад, мо хеле хушҳол мегардем, чунки ба ин восита ҳунари мо на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ муаррифӣ мегардад».
Воқеан, ҳунар дар ҳамаи давру замонҳо рисолати созандагии халқҳою миллатҳо ва рушду нумӯи соҳаҳоро иҷро менамояд. Таҷрибаҳои таърихӣ низ исбот менамоянд, ки бештари кишварҳои олам тавассути фарҳанг ва ҳунарҳои миллию мардумиашон худро ба оламиён шиносонидаанд. Хусусан ҳунарҳои мардумӣ яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ва навъҳои гуногуни он ба шумор мераванд. Таъсиси мағозаҳои армуғонӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумлаи амалҳое аст, ки метавонад дар рушду эҳё ва муаррифии санъати ҳунармандии миллат саҳми назаррас гузорад. Бо ин роҳ ҳунармандон ҳам шароити зиндагии худро беҳ месозанд ва ҳам ҳунари тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилӣ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Иқдоми навбатии Сарвари давлат гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан






