Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд

Май 13, 2025 16:55

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 56 довталаб ба озмуни дарёфти Стипендияи Раиси вилояти Хатлон роҳҳат гирифт.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба АМИТ «Ховра» иттилоъ доданд, Стипендияи Раиси вилояти Хатлон ҳамасола ба хонандагоне дода мешавад, ки дар олимпиадаҳо иштироки фаъолона доранд.

Ҳоло таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон хеле хуб буда, дар мамлакат барои аз бар намудани донишҳои муосир ва соҳибкасб гардидани ҷавонон пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Зеро насли ҷавон давомдиҳандаи кору пайкори фарзандони хирадманду хирадпеша ва ворисони арзандаи ин сарзамин мебошанд.

Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба ташвиқи наврасону ҷавонон ба илму донишандӯзӣ равона гардида, аз ҳар намояндаи насли нав масъулияти ҷиддиро нисбат ба таҳсилу омӯзиш, иштироки фаъолона дар барномаҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва ҳифзи суннату арзишҳои миллӣ тақозо менамояд.

Дар ноҳия 55 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд. Дар он 37 ҳазору 631 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2025 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад