Huawei дар Берлин дастгоҳҳои нави пӯшидашавандаро муаррифӣ ва оғози давраи тозаи инноватсияро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 майи соли 2025 дар Берлин, дар чорабинии муаррифии маҳсулоти инноватсионӣ ширкати Huawei маҷмуаи нави дастгоҳҳо ва технологияи пешрафтаро таҳти шиори «Оянда — имрӯз» ба намоиш гузошт. Huawei бо якҷоя кардани дастовардҳои муосири илмӣ ва услуби зебо назари тозае ба ояндаи зеҳни сунъиро муаррифӣ менамояд.
HUAWEI WATCH 5 — намунаи ҷаҳиши инноватсионӣ дар рушди имконоти интерактивӣ
HUAWEI WATCH 5 табаддулоти воқеиро дар самти ҳамкории корбар бо соатҳои зеҳнӣ ба вуҷуд овард. Ин соатҳо бо системаи навсозишудаи HUAWEI TruSense ва технологияи X-TAP бо сенсорҳои сершумор, ки бо меъмории тақсимшуда сохта шудаанд, муҷаҳҳаз гардидаанд. Ин навовариҳо ба корбарон имкон медиҳанд, ки танҳо бо нӯги ангушт нишондиҳандаҳои саломатии худро бо дақиқии баланд, суръати бештар ва бо назари куллӣ назорат намоянд. Инчунин HUAWEI WATCH 5 ду ишораи навро барои идоракунии соат пешниҳод мекунад: «Ду лағжиш» ва «Ду зарба». Дар баробари рангҳои анъанавӣ соатҳои HUAWEI WATCH 5 дар ду ранги зебои нав: бунафшӣ ва қумӣ пешниҳод мегарданд, ки тарҳи муосир ва сатҳи баландро таъкид менамоянд.
Дастгоҳҳои нави флагманӣ: омезиши технология ва услуб
Ҳамчунин дар чорабинӣ соатҳои зеҳнии HUAWEI WATCH FIT 4, гӯшмонакҳои HUAWEI FreeBuds 6 ва планшети HUAWEI MatePad Pro 12,2” намоиш дода шуданд.
HUAWEI WATCH FIT 4 бо нигоҳ доштани тарҳи чоркунҷаи хоси силсилаи FIT, фалсафаи «услуб дар ҳаракат»-ро инъикос мекунад ва тарзи ҳаёти динамикӣ, ки дар он ғамхорӣ ба худ ва саломатии худ дар мадди аввал гузошта мешавад. HUAWEI WATCH FIT 4 Pro бо ғафсии ҳамагӣ 9.3 мм хеле сабук буда, дорои маҷмуи васеи реҷаҳои варзишии касбӣ мебошад, аз ҷумла дави кросс, шиноварии амиқ то 40 метр ва голф, ки бо системаи навсозишудаи TruSense ҳамроҳ шудаанд.
HUAWEI FreeBuds 6 аввалин гӯшмонакҳои нимкушодаи Huawei бо баландгӯяки думагнитӣ мебошанд, ки қодир ба интиқоли аудио бо сифати аъло ва суръати 2.3 Мбит/с мебошанд. Бо истифодаи технологияи такмилёфтаи фурӯ нишондани садои атроф ва тарҳи зебои қатрамонанд ин гӯшмонакҳо садои возеҳро дар зангҳо ва таҷрибаи мусиқии амиқ таъмин менамоянд.
HUAWEI MatePad Pro 12.2 (2025) бо экрани Tandem OLED ва технологияи PaperMatte муҷаҳҳаз шудааст, ки тасвири равшану дақиқро бе инъикоси рӯшноӣ таъмин менамояд. Ҳамроҳ бо клавиатураи Huawei Glide Keyboard ва барномаи такмилёфтаи «Блокнот» ин планшет имконоти навро барои «дафтари мобилӣ» мекушояд.
Бо тамоми ҳастӣ зиндагӣ кун
Бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳ ба саломатӣ ва варзиш Huawei иқдомеро бо номи «Ҳалқаҳои фаъолият» оғоз намуд, ки бар фалсафаи «Бо тамоми ҳастӣ зиндагӣ кун» асос ёфтааст. Бо зиёда аз 100 реҷаи варзишӣ дар дастгоҳҳои пӯшидашавандаи худ Huawei истифодабарандагони ҳар синну сол ва сатҳи омодагии ҷисмониро ташвиқ мекунад, ки фаъол бошанд ва дар шакли муносиб аз саломатии худ нигоҳубин кунанд.
Бино ба гузориши охирини IDC, Huawei соли 2024 ҷои аввалро дар ҷаҳон аз рӯи суръати солонаи афзоиши фурӯши дастгоҳҳои пӯшидашаванда ишғол намуд ва аллакай шаш сол пайдарпай дар бозори Чин пешсаф боқӣ мемонад. Дастгоҳҳои пӯшидаи Huawei ба рамзи ҳаёти солим ва сабки зебои муосир табдил ёфтаанд.
АКС: Huawei









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






