Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад

Май 16, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 33 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа гарм ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Май 16, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст