ИМРӮЗ-РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ин шоҳасари мадании мусиқии тоҷик чун мероси аҷдодӣ давоми асрҳо аз устод ба шогирд гузаштааст

Май 12, 2025 10:58

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом муқаррар гардидааст.  Шашмақом   шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ва ганҷинаи бебаҳои миллат дониста мешавад. 12 майи соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин шоҳасари  мусиқии классикии халқи тоҷик мақоми  давлатӣ дода шуд ва ҳар сол ин рӯз ҳамчун  Рӯзи  Шашмақом  дар саросари  мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

Аз таърихи пайдоиши мусиқии Шашмақом

Шашмақом арзишмандтарин дурри гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо ғанитар гардонидаанд. Шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик давоми асрҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омада расидааст.

Шашмақом таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад. Дар асрҳои миёна маҷмуи мусиқии классикии тоҷик ба унвони «Дувоздаҳмақом» маъмул гардида буд ва Шашмақом идомаи таърихӣ-бадеии ҳамин анъанаи ҳунарӣ ба ҳисоб меравад. Он аз мақомҳои «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст. Ба нигоштаи таърихшиносон, шоҳони Сосонӣ эътибор ва мартабаи соҳибони ин касби нозукро ба зинаи баланди ҷамъиятӣ бардоштаанд. Дар ин давра ромишгароне, ба монанди Борбади Марвазӣ, Саркаш,  Накисои Чангӣ,  Озодвори Чангӣ, Ромтини Чангӣ ба ин мусиқӣ замина гузоштаанд.

Мероси  мусиқии  суннатии  тоҷик- Шашмақом давоми солҳои зиёд чун асари силсилавии шаклан мураккаб, вале дорои хусусияти касбӣ мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути   низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол меёфт.

Тавре сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низом иброз намуд, соли 1924 бо ибтикори фолклоршиноси машҳури рус, мусиқишинос ва оҳангсоз Виктор Успенский  ва мусиқишинос ва мардумшиноси рус Николай Миронов бо  ҷалби шоир Абдурауф Фитрат ва донандагони маъруфи  Шашмақом: Бобо Ҷалоли Носирзода ва Бобо Ғиёси  Абдуғанизода бори нахуст китоби Шашмақом- «Шест музыкальних поэм Шашмакома» дар хати адвори муосир таҳия ва чоп гардид.

Баъдан, бо ибтикори аллома Бобоҷон Ғафуров солҳои 1947-1967 дар Тоҷикистон меросбарони барҷастаи санъати Шашмақом-  устодон Бобоқул  Файзуллоев,  Шоҳназар Соҳибов  ва Фазлиддин  Шаҳобов зери таҳрири  муҳаққиқ,  мусиқишинос-этнограф  Виктор  Беляев   китоби  панҷҷилдаи  «Шашмақом»-ро бо матни ашъор бо забони  асл — яъне забони  тоҷикӣ   бори нахуст  омода  ва  нашр  намуданд.

Тавре устод Садриддин Айнӣ нигоштаанд:  «Шашмақом, ки номи умумии мусиқии классикии халқи тоҷик аст, якбора ба ин шакли ҳозираи мукаммалшудааш нарасидааст, балки монанди ҳунар ва пешаҳои дигар бо хизмат ва ихтирои одамони бисёр – сарояндагон, навозандагон ва оҳангсозон такмил ёфтааст».

Эҳёи Шашмақом дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1947  бо ташаббуси қаҳрамонони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон ҳамчун «Ансамбли ҳофизон» ё «Дастаи мақомсароён» таъсис гардид. Ба ин даста сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ- Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигарон ҷалб гардиданд. Бо ҳидоятҳои Бобоҷон Ғафуров китобҳои «Шашмақом» дар панҷ ҷилд нашр мегарданд, ки дар ин кор саҳми  Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоев хеле назарас мебошад. Ин китобҳо имрӯз китобҳои рӯимизии ҳар хонанда ва донандаи ин мусиқӣ мебошанд.

Дар  ноҳияҳои мамлакат  ансамблҳо ва дастаҳои мақомхонон амал  менамоянд. Ҳамзамон 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.

Дар мамлакат 1 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он барои ривоҷу равнақи Шашмақом ва Фалак шароити мусоид муҳайё намуд.

Тавре ки Сарвари мамлакат иброз намудаанд, «…фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадимӣ,  гуногунрангию хусусияти хоси худ, аз ҷумла, осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии шашмақом ва фалак ва садҳо дастовардҳою падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Муассисаҳои фарҳангии мамлакат, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар тарбияи сарояндагони касбии ҷавон ва эҳё намудани мусиқии суннатии Шашмақом саҳми назаррас доранд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб 12 май чун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 12, 2025 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба таъсири зеҳни сунъӣ ба ҳастии инсоният конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ ва уҳдадорӣ доранд?
Кӯдаконро аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи онҳо зараровар ҳифз бояд намуд
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид менамояд
«ШОҲНОМА — ОРМОНИ МИЛЛӢ». Он мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллии мо аст
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН. Кӯдакон сарвати бебаҳо ва фардои дурахшони миллатанд
«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии TRENDS густариш меёбад
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз Чин бо яке аз маконҳои таърихии Тоҷикистон шинос шуданд
Қобилҷон Хушвахтзода: «Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд»
Намоиши ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад
ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. Ҳаёт нишон дод, ки он ҳама бонги хатар ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон чӣ қадар бамаврид ва дурбинона будаанд