«INFOCM 2025». Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим «INFOCM 2025» ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок доранд.
Тавре аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни форум намояндагони 13 давлати ҷаҳон масъалаҳои рушди устувор, истифодаи самаранок ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи минералҳои муҳимро баррасӣ менамоянд.
«INFOCM 2025» барои табодули таҷриба, муколамаи муфид ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти идоракунии захираҳои табиӣ минбари муҳим арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки форум ду рӯз идома ёфта, дар назар аст, ки дар доираи он намояндагони Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ вохӯриҳо баргузор намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






