IRS ронандагонро даъват менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ронандагонро даъват намудааст, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд, муқаррароти мавҷударо риоя намоянд, тавсия ва талаботи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар мадди назар қарор дода, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» хабар доданд, рӯзҳои охир чун дар манотиқи дигари мамлакат дар масири Душанбе-Чанок низ чанд садамаи нақлиётӣ рух дод, ки мутаассифона, боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардид.
Тибқи хулосаи мақомоти дахлдор, аз ҷумла Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи идораи мошин набаромадан, ба муқобили самти ҳаракат баромадан ва дар хоб мондани ронанда сабабҳои асосии рух додани чунин садамаҳо мебошанд. Мутаассифона, баъзеҳо ин ҷиҳати масъаларо сарфи назар карда, хулосаи аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур ва муғризона мебароранд.
Дар баробари корҳои дигари марбут ба нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок бо дастури роҳбарияти филиали ширкат ба корҳои фаҳмондадиҳӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Ба таври густурда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва насби банерҳо бо аксу навиштаҷоти ҳушдордиҳанда далели ин гуфтаҳо мебошад.
АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






