ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Давлат» тавассути меҳнати ҳалол хароҷоти оиларо пурра таъмин менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Давлат» бо роҳбарии сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Меҳроҷиддин Шехов аз соли 2001 фаъолият дорад. Дар 8 гектар замини хоҷагӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз, помидор, бодиринг, кабудӣ, инчунин гандум, шолӣ ва пахта низ кишт мешавад.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари ин хоҷагии деҳқонӣ Меҳроҷиддин Шехов иброз намуд, онҳо оилавӣ ба ин кор машғул буда, хароҷоти оиларо аз ҳисоби корҳои хоҷагидорӣ пурра таъмин менамоянд. Маҳсулоти боқимондаро дар бозор ба фурӯш мегузоранд.
Меҳроҷиддин Шехов соҳиби 5 фарзанд буда, бо 4 писараш ба деҳқонӣ машғул мебошад. Писари калонӣ Илҳом Шехов аз уҳдаи рондани ҳамаи намуди техникаи кишоварзӣ баромада, корҳои хоҷагидориро анҷом медиҳад.
«Мо тамоми техникаи кишоварзиеро, ки барои парвариши маҳсулот зарур ҳастанд, дорем. Яъне, техникаро ба кироя намегирем, ки ин кори моро осон мекунад. Инчунин заминҳои дигар хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллаи зистамонро бо истифода аз техникаи кишоварзиямон кишт менамоем»,-мегӯяд Меҳроҷиддин Шехов.
Тавре мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, яке аз сабабҳои рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин истифодаи самараноки нуриҳои органикӣ мебошад. Зеро он яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, аз ҳамин сабаб онҳо бештар аз нуриҳои органикӣ истифода менамоянд.
Имсол дар хоҷагии деҳқонии «Давлат» дар 3 гектар чигит, дар 2 гектар гандуми навъи «Краснодар», дар 2 гектар картошка ва дар 1 гектар шолӣ кишт намуданд.
«Ҳамасола кӯшиш менамоем, ки аз меҳнати кардаамон ҳосили хуб ба даст биёрем. Ҳар сол 2 тонна гандум барои истифодаи оила ҷудо менамоем, боқимондаи онро барои соли минбаъда захира мекунем. Инчунин картошка, пиёз ва биринҷро низ захира менамоем»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Аҳли хоҷагии деҳқонии «Давлат» замини наздиҳавлигияшонро низ самаранок истифода мебаранд.
Меҳроҷиддин Шехов иброз дошт, ки «мо дар замини наздиҳавлигӣ баробари кишти помидор дар байни қаторҳои он барои нигоҳ доштани намнокии замин ҷуворимакка коридем. Дар қисматҳои холии замини помидор ҳоло бодиринг кишт менамоем. Пас аз ҷамъоварии гандум боз кишти васеи ҷуворимакка ва дигар намуди сабзавотро мегузаронем».
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Давлат» иброз намуд, ки аксар вақт ҳосили маҳсулоти киштнамудаи онҳоро ҳамсояҳо бо нархи арзон аз сари замин мехаранд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки бояд шаҳрвандони мамлакат аз ҳар қитъа замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва заминҳои байни боғҳо самаранок истифода намоянд. Тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил аз як замин ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош ва лӯбиё) равона созанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад






