ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст

Май 6, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини Ҷамоати деҳоти «Танобчӣ»-и ноҳияи Темурмалик Фахриддин Шомуродов дар замини наздиҳавлигияш гармхона бунёд намудааст. Дар он хоҷагидор бо тавсияи мутахассисон навъҳои беҳтарини помидору бодиринг, қаламфур ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро парвариш менамояд.

Тавре Фахриддин Шомуродов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, «дар гармхона ба сабзавот ба тариқи қатрагӣ об монда мешавад. Ба ин васила ғизоҳои органикӣ ва минералӣ сари вақт таъмин мегарданд. Чанд сол аст, ки дар ин гармхона маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сирпиёз, помидор, кабудӣ ва ғайра парвариш менамоем. Ҳосили бадастовардаамонро аввал худамон захира карда, баъдан ба бозори истеъмолӣ бароварда, аҳолиро бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоем».

Дар заминҳои атрофи гармхона ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда шинонида шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид