Камолиддин Назирзода: «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои тақвияти ҳамкорӣ такони бузург аст»

Май 31, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Барои мо ҳамчун мутахассисони соҳа, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул ҳастем, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ниҳоят муҳим аст, зеро дар доираи он имкон пайдо мекунем, ки бо олимону мутахассисони сатҳи минтақавию байналмилалӣ табодули назар ва таҷриба намоем», — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Назирзода 30 май зимни баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе идома дорад.

Ба иттилои Камолиддин Назирзода, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳон нахустин ҳамоиш дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо буда, он имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст.

«Конфронси байналмилалӣ барои баҳамоии коршиносону мутахассисон ва ҷонибҳои манфиатдори сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати баррасии масоили марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва дарёфти роҳҳои нав дар ин масъала қадами муҳим аст», — иброз дошт муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Коршиноси соҳа дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо боздиди намояндагони созмонҳои байналмилалиро тавассути чархболҳо аз пиряхи калонтарини Тоҷикистон- Ванҷях воситаи арзёбӣ намудани муҳиммияти ин конфронс барои ҷомеаи ҷаҳон ном бурд.

«Мақсади асосии пеш аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ташкил намудани парвоз тавассути чархбол ба пиряхҳои Тоҷикистон барои меҳмонон-иштирокчиёни конфронс- нишон додани ҳолати пиряхҳои мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Вақте онҳо бо чашмони худ ҳолати кунунии пиряхи калонтарини Тоҷикистон- Ванҷяхро мебинанд, вазъиятро хубтар дарк менамоянд. Яъне, онҳо ба  хулосае меоянд, ки ин масъала дар ҳақиқат мубрам буда, кӯшишҳои Тоҷикистон дар ин самт муҳиму саривақтӣ мебошанд», — афзуд Камолиддин Назирзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад