КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи конфронс чорабиниҳои муҳим мегузаронад

Май 26, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025-2034) дар баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии дорои сарчашмаҳои бузурги оби тозаю пиряхҳои бузург, имконоти сайёҳӣ дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.

Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад. Ин чорабинии бонуфуз бо иштироки зиёда аз 2200 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.

Пешниҳоди силсилаташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо ба Созмони Миллали Муттаҳид ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари  «сабз» ва дорои захираҳои бузурги обу пиряхҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон нақши муҳим мебозад.

Дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузории якчанд чорабиниро оид ба масоили ҳифзи захираҳои обӣ, пиряхҳо ва дурнамои илми криосфера бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони дохилию хориҷӣ ба нақша гирифтааст:

22 май озмуни «Беҳтарин тасвир» дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо», ки доир гардид.

26 май Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария кушода мешавад.

27 май конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Омӯзиши вазъи муосири криосфераи Тоҷикистон ва саҳми он дар гидрологияи Осиёи Марказӣ»  баргузор мешавад.

29 май чорабиниҳои канорӣ дар мавзуъҳои «Пешрафти омӯзиши криосфераи Тоҷикистон: дастовардҳо ва самтҳои оянда» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, «Изотопҳо ва технологияҳои муосир дар омӯзиши пиряхҳо» дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, «Илм ва пиряхҳо» дар ҳамкорӣ бо Институти экология ва географияи Синзяни Чин» ва «Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар баргузории ин чорабиниҳо натиҷаи корҳои тадқиқотии олимони дохилӣ ва хориҷӣ табодул ёфта, барои тавсеаи илми криосфера ва глятсиология шароит фароҳам меоварад.

Бояд гуфт, ки соли 2018 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Марказ дар самти омӯзиши пиряхҳои ҷумҳурӣ, муайян намудани тавозуни онҳо ва омода намудани Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон бо усулҳои замонавӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти назаррас менамояд.

Убайдулло УБАЙДУЛЛОЕВ,
ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Май 26, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд